Discover

Topics

20 нишонаи Мунофик дар Куръон

20 нишонаи Мунофик дар Куръон APK

20 нишонаи Мунофик дар Куръон APK

2.0 FreeМуҳаммадшариф Абдуалим ⇣ Download APK (1.46 MB)

What's 20 нишонаи Мунофик дар Куръон APK?

20 нишонаи Мунофик дар Куръон is a app for Android, It's developed by Муҳаммадшариф Абдуалим author.
First released on google play in 7 years ago and latest version released in 7 years ago.
This app has 0 download times on Google play and rated as 4.94 stars with 105 rated times.
This product is an app in Books & Reference category. More infomartion of 20 нишонаи Мунофик дар Куръон on google play
Муқаддима

Ҳамду сиРос ва ситойшу шукри бе Роён шоистаи Худованди бузургест, ки моро ба дини Рок ва баргузидаи худ, дини ислом раҳнамо шуд.
Ва онро барои дигар динҳо бартари дод, ва дуруду раҳмат ва саломи Худованд бар Паёмбари ислом ва тамоми ҳамроҳон ва раҳравони ростини вай (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва ёронаш бод).

Худованди бузургро сиРосгузорам, ки ин тавфиқро ба дасту қалам ва фикри ин бандаи ночиз ато фармуд то битавонам таҳқиқ ва тааммуле дар мавриди сифоти мунофиқин дар Қуръон дошта бошам.

Нифоқ ва дуруя бузургтарин бемории ҷомиъаи башари буда ва аз ҷумлаи мавзуъоте аст, ки саъодат ва шақовати инсон дар дунё ва охират бо он гиреҳ хурда аст. Мо имрӯз ба равшани шоҳиди ин воқеъияти талх ҳастем, ки ба далили дур шудани мардум аз амрҳо ва қавонини илоҳӣ ва заъиф шудани тақвои илоҳӣ дар дилҳо, бемории нифоқ дар ҷомиъа шуюуъи бисёр васеъе Райдо карда аст, Ва тамоми шохаҳои ҷомеъаро дучор ва дармонда намуда аст.

Ин бадон далил аст, ки нифоқ танҳо як касали оди нест, балки шомили чанде аз касалиҳои руҳи фарогир аст.

Маро дар Рираҳан деви мунофиқ буду гарданкуш,
Ва лекин ақл ёри дод то кардам мусалмонаш.

Муҳимтарин роҳи дармони ин бемори, дуруст шинохтани нишонаҳои он ва баъд аз он дури кардан ва мубориза бурдан бо он нишонаҳост.
Агар шинохтани нишонаҳои ин бемори барои тамоми инсонҳо зарури мебошад, албатта барои як мусалмон заруртар ва воҷибтар аст.

Мо дар ин рисола ба таъриф ва баёни (20) нишонаи муҳими нифоқ ва дуруяги, ки дар Қуръон ба онҳо ишора шуда аст, меРардозем.

Ба умеди ин, ки ба ёрии Худованди таборак ва таъоло ва дар сояи шинохти дурусти ин нишонаҳо ва дури аз ҳамнишинии мунофиқ, ва аз дохил шудани ин бемори ба даруни руҳу равони худ ва Раҳн шудани он дар руҳу равони ҷомиъа ҷалавгири намоем.

Дури зи бародари мунофиқ беҳтар
Парҳез зи ёри но мувофиқ беҳтар
Хоки қадами ёри мувофиқ ҳаққан
Аз хуни бародари мунофиқ беҳтар