Discover

Topics

Мусики аз нигоҳи ислом

Мусики аз нигоҳи ислом APK

Мусики аз нигоҳи ислом APK

v1.1 Free?Роҳи Ҳидоят? ⇣ Download APK (2.20 MB)

What's Мусики аз нигоҳи ислом APK?

Мусики аз нигоҳи ислом is a app for Android, It's developed by ?Роҳи Ҳидоят? author.
First released on google play in 7 years ago and latest version released in 6 years ago.
This app has 0 download times on Google play and rated as 4.84 stars with 32 rated times.
This product is an app in Books & Reference category. More infomartion of Мусики аз нигоҳи ислом on google play
Аҳли Ислом дар сояи ин дини ҳаниф зиндагии шарофатмандона ва каримонае доранд, ки дар он ширинии имон, осоиши яқин, унси тоат ва лаззати ибодатро эҳсос мекунанд. Аз сӯи дигар таълимоти ин дин садд (монеъ)-и муҳкамест дар баробари инҳирофот ва ҳавою ҳаваси мунҳарифин, ки инсонро дар баробари шаҳватҳояшон ҳифз мекунад ва бар ғамҳову дардҳояш ғалаба мекунад. Ба ростӣ чӣ бениёз аст он ки ин динро барРо дорад агарчи фақир бошад ва чӣ бечиз аст он кӣ ба ин дин Рушт кунад гарчи ғанӣ бошад. Аммо он чӣ як мусалмони ғаюрро нороҳат мекунад ин аст, ки бархе аз мусалмонон хушбахтию шодиро дар ғайри дини худ меҷӯянд ва заҳри кушандаро ба ҷои дорӯ ба иштибоҳ гирифта, офияту шифоро дар Райравии шаҳавот ва ҳавою ҳавас меҷӯянд. Аз ин дардҳо машғул шудани бисѐре аз мардуми замонаи мо ба гӯш додани олоти мусиқӣ аст. То ин кор одату мароми онҳо шуда, барои ин кори худ ба иллатҳо ва далелҳои беасосу Руч истинод мекунанд, ки мусиқиро мубоҳ (ҷоиз) қарор медиҳад аммо ин далоил ҳеҷ мустанад (мадраку маъхаз)-и саҳеҳе надорад ва танҳо аз сӯи касоне, ки худ мубтало ба ғино ва мусиқианд тарвиҷ мешавад. Ҳамин тавр, бархе аз онҳоро мебинем, ки ба далели ин ки мусиқӣ боиси рақиқ (нарм) шудани эҳсосот ва отифаҳо мешавад онро тарвиҷ мекунанд. Мусалламан ин иштибоҳ аст чун дар воқеъ мусиқӣ ва ғино шаҳавот ва ҳавоҳои нафсониро барангехта мекунад ва агар ин иддаоҳо каме сиҳат дошта бошад, бояд мусиқӣ боиси тарқиқи авотиф ва тасҳеҳи ахлоқи худи ин хонандаҳо мешуд (яъне агар мусиқӣ инсонро ором мекарду ахлоқро накӯ мегардонд, худи ин сарояндаҳо дорои беҳтарин ахлоқ мегаштанд ва асабҳои худро ба кашидани бангу гераин ба истилоҳ “ором” намесохтанд), аммо инҳирофи ахлоқӣ ва рафтори бештари сарояндаҳо бар касе Рӯшида нест. Ҳар кас дар мавриди таҳрим (ноҷоиз будан)-и таронасароӣ ва мусиқӣ дар шакк аст бояд шакки худро ба яқин яъне каломи Худо (Қуръон) ва Расулаш (ҳадис) бартараф созад ва нусусе, ки дар Қуръон ва суннат барои таҳрими мусиқӣ вуҷуд дорад бисёр аст. Ва барои инсони муъмин танҳо як далел аз Қуръон ё суннати саҳеҳ кофист чӣ басо ки далоил бар ин ҳурмат бисёр бошад. Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар китоби худ мегӯяд:

« وَمَا كَانَ لِمُؤْمِنٍ وَلَا مُؤْمِنَةٍ إِذَا قَضَى اللَّهُ وَرَسُولُهُ أَمْرًا أَن يَكُونَ لَهُمُ الْخِيَرَةُ مِنْ أَمْرِهِمْ ۗ وَمَن يَعْصِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ فَقَدْ ضَلَّ ضَلَالًا مُّبِينًا»

“Барои ҳеҷ мард ва зани муъмин шоиста нест, ки вақте Аллоҳ ва Расулаш амреро муқаррар намуданд аз худашон ихтиёри қабул ё рад дошта бошад. Ва ҳар онки аз (амри) Худо ва Расулаш сарРечӣ кунад ба дурустӣ ки гумроҳ шудааст гумроҳи ошкор” (Аҳзоб-36).

Ба илати хатарҳои мусиқӣ ва ба ин далел, ки яке аз асбоби фитнаи мардум ва фасоди онҳо ба хусус ҷавонон аст тасмим гирифтам ин таҳқиқи мухтасарро, ки дар бораи мавқифи Қуръон ва суннат ва имомони аҳли илм дар мавриди ғино ва мусиқӣ аст ҷамъоварӣ кунам. Ин талошест, ки ҳадафам аз он хидмати дини Худо ва нафърасонӣ ба мусалмонон аст. Аз Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло хосторам онро нофеъ гардонад.