Discover

Topics

ФАЗИЛАТИ ЗИКР

ФАЗИЛАТИ ЗИКР APK

ФАЗИЛАТИ ЗИКР APK

1.0 FreeBGIDEGA.PRO ⇣ Download APK (4.13 MB)

Tafsiri oyatҳo, ҳadisҳo the gift of borai fazilati dhikr, Foidҳoi dhikr, Pandҳoi ibratnok.

What's ФАЗИЛАТИ ЗИКР APK?

ФАЗИЛАТИ ЗИКР is a app for Android, It's developed by BGIDEGA.PRO author.
First released on google play in 2 years ago and latest version released in 9 months ago.
This app has 18K download times on Google play
This product is an app in Books & Reference category. More infomartion of ФАЗИЛАТИ ЗИКР on google play
Худованди меҳрубон мефармояд: «Пас, Маро ёд кунед, то шуморо ёд кунам ва Маро сиРос гӯед ва ба Ман носиРосӣ макунед.»
(Бақара-152)
Тафсири мухтасари ояти мазкура
“Аллоҳтаъоло зимни ин оят бандагони худро фармудааст, ки ай бандагони ман ! Маро бо итоату ибодат ёд кунед! Ман шуморо бо савоб додану мағфират намудан ёд мекунам. Он неъматҳоеро, ки ман ба шумо арзонӣ доштаам, онҳоро нодида нагиред, дар муқобили онҳо маъсият накунед ва шукронаи маро гӯед! Ривоятҳое омада, ки Мусо (а) гуфтанд: “Ё раббӣ чӣ хел шукронаи Туро ба ҷо орам?” Парвардигор дар ҷавоб гуфт: “ Маро дар ёдат дору фаромӯш масоз ва ҳар вақто маро дар ёдат орӣ, дар ҳақиқат гӯё шукронаву зикри маро ба ҷо овардаӣ! Ва ҳарвақто, ки маро фаромӯш созӣ, дар ҳақиқат носиРос ҳастӣ!”.
Дар ҳадисҳои Имом Бухорӣ омада, ки Расулуллоҳ (с) гуфтаанд: “Аллоҳтаъоло фармудааст, ҳар инсоне, ки маро дар кори худ зикр кунад, ман ҳам дар нафси худ ӯро зикр мекунам Ҳар кас маро дар байни анбуҳи мардум зикр кунад ман ӯро дар байни ҷамъият зикр мекунам, ки вай аз эшон беҳтар аст”.
Имом Аҳмад аз силсилаи ровиҳо ва дар охир аз Алфузайл ибни Фузолата ривоят кардааст, ки Расулуллоҳ (с) фармудаанд: “Аллоҳтаъоло албатта дар шахсе, ки неъматҳои худро додааст нишонаҳои онҳоро (неъматҳои) дидан мехоҳад”.
Инсони бохирад доимо дар баробари неъматҳо шукр мегӯяд. Ин нидои аввал буд.